СУДЯҲОИ НАВ ТАЪИН ШУДАНД

Май 25, 2010 13:43

25 майи соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди нафаронеро, ки ба мақоми судя ва вазифаҳои дигар дар мақомоти судии мамлакат таъин шуданд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт. Нахуст Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин намудани 96 нафар ба мақоми судя ва дигар вазифаҳо дар мақомоти судӣ қироат карда шуд. Як қатор кадрҳои дигар бо сабабҳои гуногун аз вазифаҳо озод гардиданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат аз талаботи роҳбарияти давлату ҳукумат оид ба таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ёдовар шуда, онҳоро ба иҷрои содиқона ва софдилонаи вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти судӣ ҳидоят намуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба 15 нафар бонувони имрўз ба вазифаҳо дар мақомоти судӣ таъиншуда, ба масъулини дахлдори сиёсати кадрҳо дастур дод, ки баҳри интихоби шумораи бештари занону духтарони болаёқат ва ба вазифаҳои масъул дар мақомоти давлатӣ пешбарӣ намудани онҳо тадбирҳои судбахш андешанд, то ки мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон минбаъд боз ҳам баланд бардошта шавад. Аз 96 нафар 55 каси онҳо кормандонеанд, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шуданд. Тибқи талаботи қонунгузории мавҷуда ҳар каси бори аввал ба ин вазифа таъиншаванда дар назди Парчами давлатии Тоҷикистон савганд ёд мекунад, ки матни расмии он чунин аст: «Ман тантанавор савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона ва аз рўйи виҷдон иҷро мекунам. Адолати судиро мутобиқи Конститутсия ва қонун ба амал бароварда, бо амри виҷдон, холисона ва одилона таъмин менамоям». Боиси сарфарозӣ ва ҳам масъулияти бештари ин 55 нафар аст, ки савганди тантанавии судяро дар назди Парчами давлатии Тоҷикистон ва дар ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ёд карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 25, 2010 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад