ТӮҲФАҲОИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВЕТЕРАНҲОИ ҶАНГ
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мулоқот баргузор гардид. Мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Ҳамидуллохон Фақиров иштирокчиёни ҷангро аз номи Раиси Ҳукумат ва Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 65 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намуда, аз номи Сарвари давлат ба онҳо ва аҳли оилаҳои аскарону афсарони ҳалокшуда тӯҳфаҳо супорид. Иштирокчиёни ҷанг ба унвони Президенти ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд барои ғамхории доимиашон изҳори сипос намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






