ТӮФОНИ ШАДИД ДАР ЧИН
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар» ). — Шаби гузашта дар қисмати ҷанубу ғарбии Чин, асосан дар вилояти Чунсин тӯфони шадид ва борони сахт борид. Дар натиҷаи тӯфон ва боришҳо 39 нафар ҳалок шуд, садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Маблағи зарари фалокати табии ба 17,6 миллион доллар мерасад. Дар натиҷаи вазидани шамоли сахт боми бисёр хонаҳо хароб гардид. Аз ҷумла нерӯгоҳи маҳаллии барқӣ пурра зери об монд. Ҳавосанҷҳо хабар доданд, ки дар ин ҷо дар давоми 12 соат зиёда аз 100 миллиметр борон борид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






