ТӮФОНИ ШАДИД ДАР ЧИН

Май 7, 2010 10:38

Душанбе,  7 май. (АМИТ «Ховар» ). —   Шаби гузашта дар  қисмати  ҷанубу  ғарбии Чин, асосан  дар  вилояти  Чунсин  тӯфони  шадид ва  борони  сахт  борид.  Дар  натиҷаи  тӯфон  ва  боришҳо  39  нафар ҳалок шуд,  садҳо  нафари  дигар  маҷрӯҳ шудаанд. Маблағи  зарари  фалокати табии ба 17,6 миллион  доллар  мерасад. Дар  натиҷаи  вазидани шамоли  сахт  боми бисёр хонаҳо  хароб  гардид.  Аз  ҷумла  нерӯгоҳи   маҳаллии  барқӣ  пурра  зери об  монд. Ҳавосанҷҳо  хабар  доданд, ки  дар ин ҷо  дар  давоми 12  соат  зиёда  аз 100 миллиметр  борон  борид.

Май 7, 2010 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд