ТА&#1202&#1178И&#1178И САБАБ&#1202ОИ МУХОЛИФАТИ МА&#1178ОМОТИ СУД ВА ВОСИТА&#1202ОИ АХБОРИ ОММАВ&#12

Май 26, 2010 14:46

Душанбе,  26 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия  Эшонқулова). —  3  июн дар  Иттифоқи  журналистони  ҷумҳурӣ  дар  мавзӯи «Таҳқиқи  сабабҳои  ҳуқуқию  қонунӣ  ва  маънавии  ба  ҷавобгарии  судӣ  кашидани  воситаҳои  ахбори оммавӣ»  машварат  баргузор  мегардад. Бояд  гуфт, ки  дар  ин  мавзӯъ  бори  дуюм  машварат  гузаронида  мешавад.  Дар  машварати  аввалин  бештар  аз  30  нашрия ва  воситаҳои  ахбори оммавии  электронӣ,  аз  ҷумла  нашрияҳои  хусусӣ  ва  шабакаҳои радиою  телевизион  мавриди  таҳлил  қарор  гирифтанд, ки  тӯли  солҳои охир  ба  ҷавобгарии  судӣ  кашида  шудаанд. Мутахассисони  соҳа  дар  давоми  як  моҳ  ҷиҳатҳои   ҳуқуқӣ  ва  маънавии   фаъолияти  воситаҳои  ахбори оммавиро  санҷида, баъзе  хилофкориҳо  ва  сӯистифода  аз  принсипҳои   гуногунандешӣ,  ӯҳдадориҳои  маънавӣ ва  ғайраро  муайян  намуданд. Ба  ақидаи  муҳақиқон,  ошкор  сохтани  ин  сабабҳо ба  журналистон  имкон  медиҳад, ки   мавқеи   худро  дуруст  фаҳмида,  муайян  намуда,  аз  роҳу  усулҳои   ҳифзи  манфиатҳои  худ   дуруст  истифода  баранд.

Май 26, 2010 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд