ТАҲҚИҚИ САБАБҲОИ МУХОЛИФАТИ МАҚОМОТИ СУД ВА ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВ
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — 3 июн дар Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Таҳқиқи сабабҳои ҳуқуқию қонунӣ ва маънавии ба ҷавобгарии судӣ кашидани воситаҳои ахбори оммавӣ» машварат баргузор мегардад. Бояд гуфт, ки дар ин мавзӯъ бори дуюм машварат гузаронида мешавад. Дар машварати аввалин бештар аз 30 нашрия ва воситаҳои ахбори оммавии электронӣ, аз ҷумла нашрияҳои хусусӣ ва шабакаҳои радиою телевизион мавриди таҳлил қарор гирифтанд, ки тӯли солҳои охир ба ҷавобгарии судӣ кашида шудаанд. Мутахассисони соҳа дар давоми як моҳ ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва маънавии фаъолияти воситаҳои ахбори оммавиро санҷида, баъзе хилофкориҳо ва сӯистифода аз принсипҳои гуногунандешӣ, ӯҳдадориҳои маънавӣ ва ғайраро муайян намуданд. Ба ақидаи муҳақиқон, ошкор сохтани ин сабабҳо ба журналистон имкон медиҳад, ки мавқеи худро дуруст фаҳмида, муайян намуда, аз роҳу усулҳои ҳифзи манфиатҳои худ дуруст истифода баранд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






