ТАҲДИДИ МАЛАХИ МАРОКАШӢ
Душанбе,18 май. (АМИТ «Ховар», Миралӣ Амонов).-Дар як қатор мавзеъҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ғайричашмдошти офати табиӣ малах пайдо шуда, таҳдиди он ба киштзорҳои хоҷагиҳо ва аҳолӣ калон аст. Малахи навъи марокашӣ асосан дар мавзеъҳои назди сарҳадӣ бо давлати Узбекистон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Истаравшан, Б. Ғафуров, Ғончӣ ва Мастчоҳ пайдо шуд. Масалан бино ба мушоҳидаҳои корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» майдони умумии паҳнгаштаи малахи марокашӣ дар мавзеъҳои Истаравшан 500-550 гектарро ташкил медиҳад ва майдони 450 гектар бо заҳрдоруҳои зидди малах коркард карда шудааст. Дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод бошад, малахи марокашии масофаи тақрибан 90 километрро гузашта истодааст. Дар ин шаҳру ноҳияҳо ситоди мубориза бар зидди малах ташкил шуда, ба он кормандону мутахассисон ҷалб ва барои коркарди кимиёвии зидди малах бо кӯмаки Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ 11 адад техникаю 134 адад таҷҳизоти дастӣ ва заҳрдоруҳо таъмин шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






