ТАҲДИДИ МАЛАХИ МАРОКАШӢ

Май 18, 2010 10:30

Душанбе,18 май. (АМИТ «Ховар», Миралӣ Амонов).-Дар як қатор мавзеъҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ғайричашмдошти офати табиӣ малах пайдо шуда, таҳдиди он ба киштзорҳои хоҷагиҳо ва аҳолӣ калон аст. Малахи навъи марокашӣ асосан дар мавзеъҳои назди сарҳадӣ бо давлати Узбекистон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Истаравшан, Б. Ғафуров, Ғончӣ ва Мастчоҳ пайдо шуд. Масалан бино ба мушоҳидаҳои корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» майдони умумии паҳнгаштаи малахи марокашӣ дар мавзеъҳои Истаравшан 500-550 гектарро ташкил медиҳад ва майдони 450 гектар бо заҳрдоруҳои зидди малах коркард карда шудааст. Дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод бошад, малахи  марокашии масофаи тақрибан 90 километрро гузашта истодааст. Дар ин шаҳру ноҳияҳо ситоди мубориза бар зидди малах ташкил шуда, ба он кормандону мутахассисон ҷалб ва барои коркарди кимиёвии зидди малах бо кӯмаки Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ 11 адад техникаю 134 адад таҷҳизоти дастӣ ва заҳрдоруҳо таъмин шудааст.     

Май 18, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад