ТАҶЛИЛИ 110 – СОЛАГИИ АВВАЛИН РАИСИ ШӮРОИ КОМИССАРОНИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН
Хуҷанд, 6 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — 4 май дар Театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд ба муносибати 110 – солагии арбоби барҷастаи давлатии Тоҷикистон, аввалин раиси Шӯрои комиссарони халқии мамлакат Абдураҳим Ҳоҷибоев маҷлиси ботантана баргузор гардид. Дар он намояндагони маъмурияти шаҳру вилоят, хешу таборон ва наздикони А.Ҳоҷибоев, олимон, адибон, омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олии маркази вилоят ширкат варзиданд. Муовини аввали раиси вилояти Суғд, олими таърихшинос Ваҳҳоб Набиев, профессор Усмонҷон Ғаффоров ва набераи А.Ҳоҷибоев, профессор Матлуба Мирзоюнусова дар бораи ҷиҳатҳои ҳамидаи зиндагӣ ва фаъолияти сиёсии А.Ҳоҷибоев сухан ронданд. Абдураҳим Ҳоҷибоев моҳи апрели соли 1900 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, мактаби русии маҳаллиро хатм кардааст. Ӯ баъди Инқилоби Октябр дар Донишгоҳи давлатии Туркистон таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси корманди соҳаи кишоварзӣ гардид. Ӯ забонҳои тоҷикию русӣ ва ӯзбекиро хуб медонист, бинобар ин сиёсати ҳукумат ва аҳамияти ислоҳоти замин ва обро зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ба хубӣ шарҳу тавзеҳ медод. А.Ҳоҷибоев аз соли 1925 то соли 1928 Комиссари халқии кишоварзии ҶШС Ӯзбекистон буд. Соли 1924 бо қарори Бюрои КМ Ҳизби коргару деҳқони Осиёи Миёна А.Ҳоҷибоев ҳамроҳи коммунистон Ч. Имомов ва М. Саидҷонов ба ҳайати комиссияи тақсимоти миллӣ дохил карда шуд. Ӯ то соли 1933 раиси Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон буд. Саҳми А.Ҳоҷибоев дар сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва шабакаҳои ирригатсионӣ дар Тоҷикистон хеле калон аст. Таҳти роҳбарии ӯ роҳҳои оҳани Тирмиз – Душанбе, Душанбе — Қӯрғонтеппа, Меншиково – Хуҷанд, роҳҳои мошингарди Душанбе — Кӯлоб, Сталинобод — Қӯрғонтеппа, Ӯш — Хоруғ, роҳҳои ҳавоии Душанбе – Хоруғ, Душанбе — Кӯлоб сохта ба истифода дода шуданд. А.Ҳоҷибоев ва дӯсти наздики ӯ Нусратулло Махсумро соли 1933 аз кор сабукдӯш намуда, барои таҳсил ба Маскав фиристоданд. А.Ҳоҷибоев соли 1937 ба ҳабс гирифта, баъди азобу шиканҷаи зиёд моҳи январи соли 1938 ба қатл расонида шуд. Дертар ҳамсари ӯро низ ба ҳабс гирифта, фарзандони хурдсолашро ба хонаҳои бачагони Мордовия фиристоданд. Ҳайати мушовараи Суди олии ИҶШС ҳукми Суди олии ИҶШС – ро аз моҳи январи соли 1938 нисбати А.Ҳоҷибоев бекор карда, ӯро соли 1957 ҳақ баровард.