ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ МАРЗБОНОН

Май 28, 2010 16:02

Душанбе,  28 май. (АМИТ «Ховар», Фирдавс  Таваров). —  Имрӯз  иди  касбии  марзбонони Тоҷикистон  таҷлил  карда шуд. Ба  ин  муносибат дар  Омӯзишгоҳи  ҳарбии  марзбонони  Кумитаи  давлатии  амнияти миллии  ҷумҳурӣ  ҷамъомади  ботантана  баргузор  гардид. Дар он  муовини  раиси Кумитаи давлатии  амнияти  миллӣ Аҳтамшо Саидшарифов,  муовини  аввали  сарфармондеҳи  Артиши  марзбони Кумитаи давлатии   амнияти  миллии  Тоҷикистон – сардори  ситоди  кулли  Сарраёсати   артиши  марзбон  Шароф  Файзуллоев,  намояндаи  гурӯҳи  зудамали  артиши  марзбони  Хадамоти  федералии  амнияти   Русия  дар  Тоҷикистон Сергей  Ригин,  инчунин   ветеранҳо,  афсарон ва  шогирдони   омӯзишгоҳи  ҳарбии   марзбони  Тоҷикистон   ширкат  варзиданд. Ҷамъомад  бо   маросими тантанавии  баровардани  парчами  ҷангии  артиши  марзбони  Тоҷикистон ва Оҳанги  миллии   мамлакат  оғоз  ёфт. Ҳозиронро  муовини  аввали   сарфармондеҳи  артиши  марзбони ҷумҳурӣ  Ш.Файзуллоев  табрик намуда,  зикр  кард, ки   вазифаи  аввалиндараҷаи   артиши   марзбон  муҳофизати  боэътимоди  сарҳади  давлатӣ,  таъмини  амният  дар  минтақаи  сарҳад  ва  меҳнати  бунёдкоронаи   мардуми  мамлакат  мебошад. Қайд карда  шуд, ки  давлат ва  Ҳукумати  Тоҷикистон   барои  таъмини  фаъолияти  самарабахши  артиши   марзбон  тамоми  тадбирҳоро  меандешанд. Имрӯз  ҷавонони тоҷик  дар   мактабҳои олии   марзбони  Федератсияи  Русия  ва  Қазоқистон таҳсил  мекунанд. Дар  ҷамъомад  табрикномаҳо  ва барқияҳои  аз  воҳидҳои  марзбони   мамлакатҳои  ИДМ  расида,   қироат  карда шуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  роҳбарияти   артиши  марзбон  хизмати   аскарону  афсарони  беҳтаринро  бо  ифтихорномаҳо,   сипосномаҳо  ва  медалҳо  қадр  намуд. Дар  фарҷоми  ҷамъомад  консерти  калони  идона  баргузор  гардид.

Май 28, 2010 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад