ТАҶРИБАИ ЛАТВИЯРО МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ҳайати муштараки вазорати маорифи ҷумҳурӣ, вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, Ҷамъияти карҳо ва нобиноёни Тоҷикистон, инчунин Академияи маорифи Тоҷикистон чанд рӯз пеш аз сафари Ҷумҳурии Латвия баргашт. Раиси Академияи маорифи ҷумҳурӣ Ирина Каримова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳайат дар давоми як ҳафта таҷрибаи кормандони муассисаҳои маорифи Ҷумҳурии Латвияро дар бораи таҳсили бачагони маъюб дар мактабҳои муқаррарӣ омӯхт. Сафари мазкур бо кӯмаки молиявии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод — Бунёди мадад» ташкил карда шуд. Аъзои ҳайат ба мактабҳое рафтанд, ки бачагони кар ва нобино ҳамроҳи талабагони солим дар як синф дарс мехонданд. Онҳо инчунин аз мактабҳое боздид ба амал оварданд, ки дар он синфи бачагони ноқисулақл ташкил карда шудааст. Дар ин мактабҳо ва синфхонаҳо комиссияи махсуси омӯзгорону равоншиносон кор карда, ба бачагони маъюб кӯмак мерасонад. Дар Латвия боғчаҳои бачагона низ мавҷуданд, ки дар онҳо бачагони маъюб ҳамроҳи бачагони солим тарбия карда мешаванд. Мо зимни сафар бо кормандони муассисаи махсуси омӯзгорию равоншиносӣ мулоқот кардем, ки фаъолияти омӯзгорон ва равоншиносонро дар муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ танзим менамояд, гуфт И.Каримова. Аъзои ҳайат инчунин бо мутахассисони маркази миллии омӯзгорӣ ва Маркази таълиму тарбияи бачагони маъюб мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданд. Мо ният дорем, ки ояндаи наздик ба шабакаҳои телевизионии мамлакат тартиб додани барномаҳои махсуси телевизиониро барои бачагони кар ва нобино пешниҳод кунем. Ин барномаҳо, тибқи нақша бо забони имову ишора барои бачагони маъюб тарҷума карда мешаванд. Умед аст, ки пешниҳоди мо қабул карда мешавад ва ин барои таълиму тарбияи бачагони маъюб мусоидат хоҳад кард, гуфт дар хотима И.Каримова.








Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!






