ТАДБИРҲОИ ИДОНА БА ШАРАФИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Май 4, 2010 10:22

Душанбе,  4 май. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Директори  намояндагии  Бунёди рушди  «Пажӯҳишгоҳи  таҳқиқоти  Евразия» дар  Тоҷикистон   Галина  Назарова  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  ба шарафи  Рӯзи  ғалаба  дар  минтақаҳои гуногуни  мамлакат  тадбирҳои  идона  гузаронида хоҳанд  шуд. Аз  ҷумла,  6  май  дар  Театри   давлатии русии ба  номи  В.Маяковский  бахшида ба  Рӯзи  ғалаба  маъракаи  хайрия  ба  нақша  гирифта шудааст.  Дар  ин  ҷо   асари  саҳнавии  «Маро  тарк  макун» намоиш  дода  мешавад, ки  ба  воқеаҳои  солҳои  ҷанг  бахшида  шудааст. 9 май  дар  Пойгоҳи  низомии 201 – уми  Русия  ба  муносибати 65 – солагии  ғалаба  бар  фашизм  маҷлис  ва  консерти  идона  баргузор  мегардад. Ҳамон  рӯз  инчунин  дар  шаҳру  ноҳияҳои Душанбе,  вилояти  Суғд, ВМКБ ва  Хатлон  маъракаи тақсими  тасмачаҳои  георгиӣ  ва маълумотнома  дар  бораи  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  гузаронида  мешавад. Дар Қасри  ҷавонони  ба  номи  Лоиқ  Шералии  шаҳри  Хуҷанд  таҳти унвони  «Ҳеҷ  кас ва  ҳеҷ чиз  фаромӯш  нашудааст»  намоишҳои  суратҳо  кушода  мешавад. Телевизиони  вилоят  бахшида ба   65 – солагии  ғалаба  силсилаи  барномаҳо таҳия  намудааст. Аз  3  то  9  май  дар  шаҳри  Хорғ бахшида ба  иди  ғалаба  намоиши  суратҳо  ва  барномаи телевизионии «Дар  бораи  ҷанг  чи  медонӣ» намоиш дода мешавад. Рӯзи  ид  дар  майдони  Ғалабаи   шаҳр  расми  гузашти низомӣ  баргузор  мегардад.

Май 4, 2010 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд