ТАЙЁРӢ БА ИДИ ҒАЛАБА
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Мухбири АМИТ «Ховар» дар арафаи иди Ғалаба ва 65 – солагии ғалабаи халқҳои шӯравӣ бар фашизми Олмон бо раиси Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Тоҷикистон, узви раёсати Иттифоқи байналхалқии «Иттиҳоди созмонҳои ҷамъиятии ветеранҳо ва нафақахӯрони давлатҳои мустақил», узви Пленуми шӯрои ҳамоҳангсози Иттифоқи байналмилалии нафақахӯрони ИДМ Раҳмат Қудратов ҳамсӯҳбат шуд. Зимни сӯҳбат сухан дар бораи нақшаҳои тайёрӣ ба иди Ғалаба рафт. Р.Қудратов зикр намуд, ки Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати мамлакат мувофиқи қарори ҳукумат нақшаи тадбирҳои идонаро тартиб дода ва онро ба ҳамаи ташкилотҳои маҳаллӣ фиристодааст. Аъзои шӯро мунтазам иштирокчиёни бемору барҷомондаи ҷангро дар хонаҳояшон ё шифохонаҳо хабар гирифта, ба онҳо то ҳадди имкон кӯмаки молию нақдӣ мерасонанд. Имсол Ҳукумати Тоҷикистон 7 нафар иштирокчии ҷангро барои иштирок дар расми гузашти низомии идона ба Маскав мефиристад. Онҳо Григориӣ Алексеев, Зокирҷон Ниёзов, Комил Раҳмонов, Шамсӣ Розиқов, Карим Сангинов, Юнус Юсуфов ва Ҷамшед Юсуфов мебошанд. Ҳукумати Русия онҳоро барои иштирок дар расми гузашти идона даъват кардааст. Иштирокчии дигари ҷанг аз Тоҷикистон Файзулло Саидов бо даъвати раиси шаҳри Санкт – Петербург Валентина Матвиенко ба ин шаҳр хоҳад рафт. Ҳамдиёри мо Мирзо Бегматов бо даъвати Ҳукумати Фаронса ба Париж меравад. 4 нафари дигар — Хаскаш Абдуллоев, Халил Расулов, Қурбон Неъматов ва Ғаюр Сафаров дар тадбирҳои идонаи пойтахти Украина — шаҳри Киев ширкат меварзанд. Бояд гуфт, ки бо фармони Президенти Русия ҳамаи даъватшудагон дар Маскав аз ҳамаи навъҳои нақлиёт, аз ҷумла, нақлиёти ҳавоӣ, дарёгард, роҳи оҳан ва автомобил бепул истифода мебаранд. Қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистон ҳам ба шарафи иди Ғалаба тадбирҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд. 8 май дар Боғи Ғалаба расми гузашти хизматчиёни ҳарбии гарнизони пойтахт гузаронида мешавад. Дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат сайру гаштҳои идона, консертҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва ғайра ташкил карда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






