ТАЪСИРИ РОҲҲО БА ПАСТУ БАЛАНДШАВИИ НАРХҲО

Май 6, 2010 08:59

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати хоҷагии роҳҳои минтақаи Кӯлоб Сафаралӣ Абдуллоев, пули 54 метраи дарёчаи Ниёб, ки ҳанӯз соли 1989 тибқи лоиҳа муваққатан барои корҳои роҳсозӣ сохта шуда буд, дигарбора барои азнавсозии он маблағ ҷудо нагардид ва ин қисмати роҳ аз километри 236 то 252 – юм ҳамеша минтақаи садамавӣ ҳисоб меёфт. Оқибат боронҳои сели моҳи апрели сои ҷорӣ кӯпрукро хароб кард ва роҳи Кӯлоб — Шӯрообод- Қалъаи Хумб баста шуд. Мутахассисони роҳсоз қатъ шудани роҳи нақлиётро ба Бадахшон хуб эҳсос намуда, корро ба таври шабонарӯзӣ дар ин минтақаи роҳ ташкил карданд, то ки     дар кӯтоҳтарин муддат алоқаи нақлиётӣ барқарор шуда, ба баланд рафтани нархи маводи хӯрока дар Бадахшон роҳ надиҳанд.   Бо вуҷуди андешидани корҳои таъҷилӣ, нархи як қисми маҳсулот аз қабили: картошка, карам, чой, қанд, тухм, гӯшти мург, ҳасиб аз 20 дирам то 2,5 сомонӣ боло рафтааст. -Ин аст ки дар ҳолати дуруст нигоҳубин  накардани роҳ он метавонад ба пасту баландшавии нарх таъсир расонад,- гуфт Сафаралӣ Абдуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Май 6, 2010 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!