ТЕЛЕФОНИ «0909» БА КОР ДАРОМАД

Май 24, 2010 16:37

Душанбе, 24 мая. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Дар КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Хадамоти маълумотдиҳии автоматӣ ба кор медарояд. Шаҳрвандон метавонанд аз телефонҳои мобилии худ ба раками 0909 занг зада оид ба ҳамаи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ аз ҷумла парвозҳои амалишаванда ва рейсҳои меомада, соати парвоз ва нишасти ҳавопаймоҳо, мавқуф гузоштани рейсҳо, хатсайрҳои транзитӣ ва дигар маълумоти заруриро гиранд. Тавре аз дафтари матуоти КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иттиллоъ доданд, дар сурати сарфаҳм нарафтан ба хизматрасонии автоматӣ бо пахш намудани тугмачаи ситорача дар телефони мобилии худ муштарӣ бо операторон дар тамос мешавад ва ҳамагуна маълумоти заруриро бевосита аз операторон дарёфт менамояд. Бояд гуфт, ки системаи мазкур дар ҷаҳон пешрафта буда, аз рўи технологияи Ай Ви Ар (IVR) коркард шудааст. Дар ҷумҳурӣ, пас аз ширкатҳои мобилӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе яке аз аввалинҳост, ки  ба системаи автоматии маълумотдиҳӣ мегузарад. Хадамоти маълумотдиҳии автоматӣ пас аз санҷишҳои техникӣ, рўзҳои наздик ба истифода дода мешавад.    

Май 24, 2010 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд