ТОҶИКИСТОН ОЛИМОНИ РУСИЯ ВА ЭРОНРО ҚАДР КАРД

Май 26, 2010 17:11

Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ду тан аз шахсиятҳои шинохта ва барҷасти Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пешниҳоди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин шахсиятҳои маъруф шарқшиноси шинохтаи Ҷумҳурии Доғистони Русия Муҳаммад -Нурӣ Османов ва Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст мебошанд. Ин шахсиятҳо дар тарғиб, омӯзиш ва таҳқиқи фарҳанг ва адабиёти тоҷику форс, муаррифии фарҳанг ва адабиёти Тоҷикистони муосир нақши муассир доранд. Шарқшиноси  доғистонӣ Муҳаммад-  Нурӣ Османов  дар таҳқиқотҳои илмии худ ҳаёт ва осори Абулқосим Фирдавсӣ,  Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ  ва асарҳои безаволи онҳо —  «Шоҳнома» ва «Маснавии маънавӣ»-ро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода,  матни илмии интиқодии онро дар даврони Шӯравӣ дар 9 ҷилд ба табъ расонд. Хизмати барҷастаи Муҳаммад-Нурӣ Османов  омода ва чоп намудани тарҷумаи Қуръони карим ба забони русӣ дар соли 2003 дар Русия аст. Алҳол Османов 87 сол дошта,  дар Донишгоҳи Давлатии Доғистон  фаъолият менамояд. Мавсуф дар мавзӯи адабиёти тасаввуф  ва тартиб додани Қомуси  вожаҳои тасаввуфӣ  кор бурда истодааст. Алиасғари Шеърдӯст бошад,  бо хизматҳои бузурги худ дар таҳкими робитаҳои илмию фарҳангии ду кишвари форсизабон -Тоҷикистону Эрон ҳанӯз аз даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон нақши муассир гузошта, аз соли 1992 то ба имрӯз бо талоши ин шахсияти шинохта,  беш аз 200 китоб бо хатти форсӣ дар бораи шоирону фарҳангиёни тоҷик муаррифии тоҷику Тоҷикистон  ба табъ расидааст. Хизмати арзишманди дипломати эронӣ ин бо хати форсӣ ба табъ расонидани  китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст. Назар ба иттилои муовини директори институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Файзулло Бобоев,  ин ду шахсият дар таҳкими робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистон бо Русия ва Эрон нақшим мондагор гузоштаанд. Дар маросими ботантанаи ба узвияти хориҷии Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон  пазируфтани ин ду шахсияти маъруфи Русия ва Эрон,  Раиси Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов, донишмандони барҷастаи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Мӯсо Диноршоев роҷеъ ба мақом ва нақши ин шахсиятҳо ибрози назар карданд.

Май 26, 2010 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст