ТОҶИКИСТОН ВА ОЛАМИ ИСЛОМ

Май 19, 2010 11:52

Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Фарзона Хуҷанкулова). —  Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ доир мегардад. Ба ин муносибат, инчунин дар робита ба маркази фарҳанги исломӣ эълон гардидани пойтахти кишвари мо мехмонони зиёде аз мамолики исломӣ ба Душанбе ташриф овардаанд. Ин ҳама аз баланд гардидани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ва махсусан, ҷаҳони ислом шаҳодат медиҳад. Дар ҳошияи ин мавзӯъ мақолаи як нафар ҳамватани мо, ки муқими  Федератсияи Русия буда, дар боло бурдани маърифат ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандони бурунмарзии мо саҳми арзанда дорад,пешкаши хонадагони гиромӣ мегардад. ИМОМИ АЪЗАМ  «Агар илм дар Сурайё бошад хароина мардоне аз инхо онро ба даст оварданд»: Ин хадиси Мухаммади Мустафо (с) хаст ва онро дар холе гуфт, ки дасташ болои шонаи Салмони форс (р) буд. Дурустии сухани паёмбари Худоро дар хидмати Ислом камар бастани мардоне аз форс ба мисоли Имом Бухори, Имом Муслим, Имом Насоӣ, Имом Тирмизи, Имоми Аъзам, Имом Газзолӣ, Имом Ч. Суютӣ, Чамолиддини Афгонӣ, Абуалии Сино, Хофизи Шерозӣ, А. Бедил, Санойӣ,Чалолиддин Румӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Хайём,Саъдӣ ва дигар ситорахои дурахшону рахнамои осмони маорифи исломи ба исбот расонида суханони Худову Расулро гирифта бар чахониён тухми илму хикмату ахлокро коштаанд. Имоми Аъзам Абуханифа Нӯъмон ибни Собит дар соли 80х/699м, дар Куфа чашм ба олами хасти кушод, ӯ аз миллати форс ва фарзанди фарзонаи миллати точик будаанд. Бобои Имоми Аъзам, Зути ном дошта, аслан аз мардуми Балх (Кобули Афгонистон) будаанд, хангоми фатхи Хуросон аз чониби арабхо ба асорат афтода бо онхо мемонад. Зутӣ дар ибтидо миёни арабхо монд ва солхои зиёдеро ба сурати ачнаби гузаронид. Мардум таваҷҷуҳи хосе ба эшон накарданд ва агар њам карданд ба сабаби тафовути забон холати у барои хама мушаххас нашуд. Ва ба хотири ниёзхои зиндаги ночор шуд бо ахли ончо робитаи дӯстӣ баркарор кунад ва муддатхои зиёде бо таълими илм машғул шуд. Зутӣ форсизабон будаанд ва дар мавриди Имом Абуханифа собит шудааст, ки бо мардуми ачам бо забони форсӣ суҳбат мекард. Дар замони хилофати хазрати Али (р-з) шахри Куфа яке аз шахрхои пеш тараққикарда ба хисоб мерафт. Ба хамин муносибат Зутӣ Куфаро интихоб мекунад ва дар он чо зиндаги мекунад ва аксари вактро барои адои адаб ва эхтиром дар назди Али (р-з) мегузаронад. Зутӣ дар наврӯз, ки барои Эрониён рузи иди бостонӣ ба хисоб мерафт, тӯхфахои идона гирифта ба зиёрати Али Ибни Абутолиб мерафт. Собит, падари бузургвори хазрати Абуханифа дар Куфа таваллуд шудаанд ва Зутӣ ӯро ба назди Хазрати Али (р) хозир карданд ва хазрат изхори шафкат фармуда  ва дар хаки Собит ва авлодаш дуои хайр фармуданд. Зиндагонии Собит муфассалан маълум нест, факат аз манбахои ахбор маълум мешавад, ки барои умури рузгор тичорат мекард ва дар чихил солагӣ, худованд ба ӯ фарзанде ато фармуданд, ки ӯро Нӯъмон номгузорӣ кард. Овони наврасӣ ва чавонии Нӯъмон дар зодгохаш Куфа гузашт. У Куръони Каримро дар синни хурдсолиаш пурра хифз намуд ва дар тули хаёташ аз дохили куръон ва хадисхо 64000 (шастучор хазор )  хукми шариъатро ба чахониён мисли борони рахмат бо хости Худованди Карим фишонд. Ногуфта намонад, ки Абуханифа (р) ба хамаи илмхои асри худ шиносоӣ ва маърифати комил дошт ва ру оварданаш ба фикх баъд аз озмудани илмхои дигар сурат гирифтааст. Абуабдуллох ибни Ахмад ибни Кидом мегӯяд, ки Худованд дуъои халифаи бузург Али ибн Абутолибро дар хакки фарзанди Собит (яъне Имоми Аъзам) ичобат намуд. Аз баракати хамин дуъо буд, ки халифахо ва фармонравоёни рӯи замин ва аксари чамъияти мусалмонон аз пайравони Абуханифа ва аз рахравои ӯянд ва дар илми фикх аёли (мухточи фикх) эшон хастанд.  Хазрати Имом Абуханифа (р) дар соли 96 х/714 – м хамрох бо падари бузургвораш ба зиёрати хонаи Худо ва зиёрати оромгохи Хазрати Расули Акрам (с) ба Макка ва Мадина сафар намуданд, ки синни муборакашон ба шонздах расида буд. Имоми Аъзам дар тули умраш 55 маротиба хач кардаанд. Собит, падари Имоми Аъзам, марди точир ва сарватманд буд,  Абуханифа (р) 52 соли умрашро дар даврони хукмронии Уммавиён ва 18 солашро дар даврони хукумати Аббосиён гузаронид. Тибки ривоёт Мансури Аббосӣ Имоми Аъзамро ба Багдод даъват кард ва бе сабаб махбус  намуд ва Абуханифа Нуъмон ибни Собит пас аз чанд муддати ранчу азоби махбусӣ дар зиндон дар соли 150х/767 м аз олам гузаштанд. Дар бархе ривоёт омадааст, ки Имоми Аъзамро дар зиндон захр дода куштаанд. Чанозаи он хазратро чамъи 50хазор нафар хонданд ва хафт бор намози чанозаро дар алохидагӣ хонданд. Макбари Имоми Аъзам (р) дар Багдод буда,зиёратгохи мардуми мусалмон мебошад. Мазхаби у мисли нури тобон аз Куфа то Ироку Форс, Чину Чопон, Магрибу Андалус (Испания) ва тамоми Аврупо аз шимол то чануби Осиёи миёна, интишор ёфт. Мусалмонхое, ки равиши бандагии Худоро тибки мазхаби у анчом медиханд, такрибан нисф зиёди (60%) мусулмонхои дунёро ташкил медиханд. Макоми Хазрати Имоми Аъзам (р) дар илми фикх: Бисёри аз улуми ислом монанди тафсир, хадис, фикх агарчи дар ибтидои ислом ривоч ёфта буданд, аммо то замоне, ки ба тарзи  як илм ва фанни чудогона дар наёмада буданд ба фарди хосе нисбат дода намешуданд. Дар замони паёмбари Акрам (с) ахком таксим нашуда буданд. Паёмбар Мухаммад (с) дар назди сахобагон вузӯъ мегирифт хамон гунна, ки паёмбарро медиданд ба хамон нахв намозхояшонро мехонданд. Аз фарзу вочиботу суннатхо кам суол мешуд. Баъд аз реҳлати паёмбари Акрам (с) футӯҳоти исломӣ густариш пайдо кард ва доираи тамаддун ва фарханг васеъ шуд. Фарде дар намоз як амалеро сахван тарк мекард, холо ин бахс эчод мешуд, ки оё намози у дуруст аст ё на? Имкон набуд, ки хамаи аъмол мавчуд дар намозро фарз гӯянд. Аз барои хамин сахобагон ночор монданд, ки аъмолеро талкин  кунанд ва бигӯянд, ки дар намоз чанд фарз ва чанд вочиб ва чанд суннат ва чанд мустахаб вучуд дорад. Ва ин хизмати бузургро дар ислом Имоми  Аъзам анчом дод ва лакаби бунёнгузори фикх ба Имом Абуханифа ихтисос ёфт, ки арзиш ва муносиби ин лакаб буд. Ва таснифоти Хазрати Имоми Аъзам (р) инхоянд: 1)                 Ал-фикх-ул-акбар 2)                 Ал-фикх-ул-авсат 3)                 Ал-олим вал мутаъаллим 4)                 Ар-рисола 5)                 Китобу –ул-васият 6)                 Китоб-ар-рад ъалал кадарийя Имоми Аъзам (р) усули мазхаб ва фикхи худро аз хафт масдар гирифтааст: 1)                 Китоби Худо, яъне Куръон 2)                 Суннати Расули Худо (с) яъне хадис 3)                 Фатвои сахоба ва аквол (гуфтахои имон) 4)                 Ичмоъи уммат 5)                 Киёс 6)                 Истехсон 7)                 Урф Имруз барои хар як фарди точик чои ифтихор аст, ки ин муаммои сарбастаро, ин ормони парвардаи хазорсолаи мардуми форсу точикро раиси Чумхурии Точикистони азизамон бо иродаи мустахкам, камари химмат баста бо вучуди чӣ кадар гаронихо ин масъулияти бузургро бар ӯхда гирифта дар сар то сари Точикистон соли 2009-ро расман соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кард. Ва ин чашн хам бо ифтихор ва сарбаландона дар назди чахони ислом анчом ёфт. Умед аст, калбан ва рухан аз Љаноби Оли, ки инчунин чашнхо бардавом мешаванд ва идома хоханд ёфт. Дар дахсолахои охир мо на факат чашни ачдодони худро гирифта истодаем, балки он кадар пешрафт карда истодаем, ки бист сол пеш аз ин амалхо факат дар умед ва ормонхои мардуми точик дар дилхояшон  хуфта буд ба мисоли ба харфи ниёгон баргаштан ва тахсилоти динию мазхаби дар мактабхо ва рохсозихо ба кишвархои хамсоя ва сохтани майдонхои хавоӣ ва нерӯгоҳҳои бузурги  баркӣ ва сохтани пулхо байни давлатхои хамсоя ва сохтани туннелхо ва гузоштани муҷассамахо…. ва хамаи ин орзухои мардуми азизамон бо ёрии худо ичро шуд ва шуда истодааст. Ман аз самими калб Раиси ҷумҳури Тоҷикистони азизамонро бо ҳамаи ин ухдабароихои ѓайри имконпазир ва ворисиаш шукру рахмат гуфта, сад офарин мегуем ва ин мояи ифтихор барои хамаи миллати форсу точик аст.                            Хайриддини Абдулло,   ш. Москваи Ф. Р.                                                                    

Май 19, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад