ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ АМОРАТҲОИ МУТТАҲИДАИ АРАБ БА ДУШАНБЕ ОМАД
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Вазири корҳои хориҷии давлати Аморатҳои Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бинни Зайд Алнаҳаён субҳи имрӯз барои боздиди расмӣ ба Душанбе омад. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ пешвоз гирифт. Вазири корҳои хориҷии Аморатҳои Муттаҳидаи Араб қабл аз чошти имрӯз бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Сипас мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ баргузор мегардад. Меҳмони олиқадр баъди чошти имрӯз бо раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот анҷом ҳоҳад дод. Шайх Абдулло бинни Зайд Алнаҳаён 18 – 20 май дар иҷлосияи 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ ширкат меварзад.