ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ БА БОЗОРИ ҚАЗОҚИСТОН РОҲ ЁФТАНИСТ

Май 14, 2010 12:29

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Субҳи имрӯз  вазири кишоварзии мамлакат Қосим  Қосимов бо директори ширкати бонуфузи «Казаплод»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Останов Халил мулоқот кард. Зимни сӯҳбат ҳар ду тараф қайд намуданд, ки заминаҳои хуби муносибатҳои қаблии иқтисодӣ, имконияти фарохи густариши таъмини бозори Қазоқистонро бо маҳсулоти тару тозаи мевагӣ ва сабзавоти Тоҷикистон фароҳам меоварад. Намояндаи Қазоқистон Х. Останов  иброз намуд, ки имрӯз бозори дохилии кишвараш ба маҳсулоти истеҳсоли Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мамдакатҳои дигар хеле фаровон аст. Вале маҳсулоти истеҳсоли деҳқонони Тоҷикистон бо сифати баланду аз ҷиҳати экологӣ тоза  матавонад, харидори зиёди худро дар Қазоқистон пайдо намояд. Омӯзиши бозори ин кишвар, қайд намуд ӯ дар идомаи сӯҳбат,  имконият медиҳад худи ҳамин сол ба миқдори 2000 тн. меваю сабзавот харидорӣ намояд. Дар оянда бошад, зарурати ташкили Корхонаи муштарки Тоҷикистон-Қазоқистон ба миён меояд, ки содироти мунтазами маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монад. Дар навбати худ вазири  кишоварзӣ Қ.Қосимов  ёдовар шуд, ки бо супориши Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон дар панҷ соли наздик майдони боғу токзорҳо то 50 ҳазор гектар зиёд карда мешаванд. Ин иқдом аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ — фермерӣ дастгирӣ ёфта, оянда қудрати (потенсиали) содиротии Тоҷикистонро боз ҳам зиёд хоҳад намуд. Дарёфти бозорҳои нав ба нави фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ тибқи супоришҳои Президент дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои аввалидараҷаи Вазорати кишоварзӣ мебошад. Дар охири сӯҳбат тарафайн ба мувофиқа омаданд, ки аз ҳисоби кормандони вазорат ва намояндагони Қазоқистон гурӯҳи босалоҳияти корӣ таъсис дода, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии ин иқдомро рӯзҳои назик таҳия созанд.  

Май 14, 2010 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд