ВОРИДОТИ ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ – марти соли 2010 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 32 мамлакати хориҷи дурру наздик ба маблағи 26 млн. 735 ҳазордоллари амрикоӣ ё ба микдори 4630 тонна ёрии башардӯстона, аз қабили равғани растанӣ (1550 тонна) ба маблаги умумии 4 млн. 184 ҳазор доллар, 63 тонна гандум ба маблағи 417 ҳазор доллар, ба маблағи 15015 ҳазор доллар доруворӣ, ҳамчунин маҳсулоти озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбобҳои маишии электронӣ, компютерҳо ва қисмҳои эхтиётӣ барои онҳо ворид гардидааст. Таносуби бештар аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона ба ИМА- 52,4 фоиз, Корея – 8,3, Олмон- 3,7, Малайзия – 2,9 ва Нидерландия – 2,2 фоиз рост меояд. Аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бошад аз ҳама бештар Ҷумҳурии Қазоқистон ба андозаи 19,6 фоиз, Русия -1,7,ва Ҷумҳурии Туркманистон ба андозаи 0,5 фоиз ба Тоҷикистон кӯмаки башардустона расонидаанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






