ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ ДАР ФАРХОР

Май 26, 2010 15:57

Фархор, 26 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Дар ноҳияи Фархор аз ҷониби шӯъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимои шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ярмаркаи ҷойхои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Дар ярмарка 15 корхонаю ташкилоти ноҳия барои корҷӯён беш аз 50 ҷои кори холӣ пешниҳод намуданд. Дар ярмаркаи мазкур бештар ҷавонон иштирок намуданд, вале аз сабаби паст будани музди меҳнати корҳои пешниҳод шуда ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир накарданд. Аз корҳои дар ярмарка пешниҳод шуда аз рӯи ихтисос 15 нафар шаҳрвандон бо ҷои кор таъмин гардиданд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии нохияи Фархор бошад дар ин ярмарка бештар сохтмончиёнро ба қайд гирифтанд. Бино бар иттилои кормандони шӯъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимои шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Фархор аз оғози соли 2010 ба воситаи гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод 62 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ ва 83 нафари дигар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб карда шудаанд.  

Май 26, 2010 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд