ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ ДАР ФАРХОР
Фархор, 26 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Фархор аз ҷониби шӯъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимои шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ярмаркаи ҷойхои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Дар ярмарка 15 корхонаю ташкилоти ноҳия барои корҷӯён беш аз 50 ҷои кори холӣ пешниҳод намуданд. Дар ярмаркаи мазкур бештар ҷавонон иштирок намуданд, вале аз сабаби паст будани музди меҳнати корҳои пешниҳод шуда ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир накарданд. Аз корҳои дар ярмарка пешниҳод шуда аз рӯи ихтисос 15 нафар шаҳрвандон бо ҷои кор таъмин гардиданд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии нохияи Фархор бошад дар ин ярмарка бештар сохтмончиёнро ба қайд гирифтанд. Бино бар иттилои кормандони шӯъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимои шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Фархор аз оғози соли 2010 ба воситаи гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод 62 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ ва 83 нафари дигар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб карда шудаанд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






