ЁДЕ АЗ ТАЪРИХИ ОФАРИДАНИ СУРУДИ «ИДИ ЗАФАР»

Май 8, 2010 12:07

Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бахшида ба 65-умин солгарди офаридани суруди таърихии «Иди Зафар» имрӯз 8 май дар Осорхонаи маданияти мусиқии ба номи устод Зиёдулло Шаҳидӣ ҷамъомад бо иштироки шоирону нависандагон, оҳангсозон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мегардад. Интизор аст, ки дар ҷамъомад иштирокдорони он доир ба таърихи офаридани суруди «Иди Зафар» табодули назар менамоянд. Назар ба иттилоъи корманди калони Осорхонаи маданияти мусиқии ба номи устод Зиёдулло Шаҳидӣ,  Хосият Олимова, дар ҷамъомад гурӯҳи мусиқачиён ва овозхонон аз кишвари Норвегия иштирок намуда, бо оҳангу мусиқӣ ва сурудҳои дилошӯби худ  табъи ҷамъомадагонро болида менамоянд. Бояд зикр кард, ки суруди таърихии «Иди Зафар» бо шунидани хабари Ғалабаи халқи собиқ Шӯравӣ ва кишварҳои Аврупоӣ Шарқӣ бар фашизми Олмон ва парафшон кардани парчами  Шӯравӣ дар болои Рейхстаг шаби 9 майи соли 1945 дар як шаб офарида шудааст. Суруди «Иди Зафар» бар матни шоири Халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода, оҳанги бастакор Зиёдулло Шаҳидӣ  офарида шуда, аз ҷониби Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова суруда шудааст. Суруди «Иди Зафар» расо соати 9-и субҳи 9 майи соли 1945 дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи В. Ленини Душанбе, алҳол Боғи Устод Рӯдакӣ дар фазои Душанбе танинандоз гардид. Суруди «Иди Зафар» воқеъан суруди таърихӣ буда, бо гузашти 65 сол асолати худро аз даст надодааст. Он ҳанӯз ҳам вирди забони ҳазорон мардумон аст. Дӯстиву рафоқати халқҳои гуногун, меҳру садоқат, муҳаббати бепоён ба Ватан, муттаҳидӣ ва пайғом аз музаффарияти халқҳои гуногуни башар алайҳи фашизми Олмон дар суруди «Иди Зафар» таҷассуми худро ёфтааст.

Май 8, 2010 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!