ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИИРО БО ХОНА ТАЪМИН МЕКУНАНД

Май 24, 2010 13:31

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Барои бунёди 16 манзили истиқоматӣ дар шаҳри Панҷакент, ки бар асари офати табиӣ хисорот дидаанд, аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд 104 ҳазору 400 сомонӣ  ҷудо гардид. Мавриди зикр аст, ки 28 апрели соли равон дар натиҷаи боридани боронҳои шадид ва омадани сел дар шаҳри Панҷакент 16 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 5 хона пурра хароб шуда, 8 километр роҳ, 5 адад пул, 45 хати интиқоли барқ, 8,7 киллометр хатҳои обёриву канал, 216 гектар майдони зироатҳо, ҳамчунин 324 сар чорво нобуд шудаанд. Дар натиҷаи селбориш асосан маҳаллаи Шӯрчаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент зарар дида, умуман, сел ба 142 хонаи сокинони шаҳри Панҷакент ворид шудааст. Хисороти аз ин офати таббиӣ расида, қариб 6 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба осебдидагон дар маҷмӯъ 1220 дона шифер, зиёда аз 52 куб чӯбу тахта, инчунин ба 43 оила сару либос ва пойафзол, ба 16 хонаводаи дигар маводи хӯрокӣ, аз қабили орду равған ва гӯшт кӯмак расонида шуд. Инчунин, бо супориши раиси вилоят Қоҳир Расулзода барои кӯчонидани 117 оила ба ҷойҳои бехавф 10 гектар замин ҷудо гардид, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ оғоз ёфтаанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо мақсади дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди ҳашт манзили истиқоматии дар натиҷаи офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Ғончӣ низ аз буҷети вилоят 62 ҳазору 560 сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар маҳаллаҳои «Фергат»-и ҷамоати Оббурдон ва «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Мастчоҳ 200 ҳазор сомонӣ, барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи ноҳияи Зафаробод 100 ҳазор сомонӣ, таъмири роҳи мошингарди Истаравшан-Уяс-Зафаробод 200 ҳазор сомонӣ, барои ташкили корҳои мубориза бар зидди малах, омода кардани техникаҳо ва дастрас намудани заҳрдоруҳо ба шаҳру ноҳияҳои вилоят 50 ҳазор сомонӣ ва барои таъмири боми толори варзишии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Сирдарёи шаҳри Қайроққум 34 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки ба ҳалли масоили мубрами шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.  

Май 24, 2010 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст