ЗЕРЛОИҲАИҲОИ ПЕШНИҲОДГАРДИДА ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

Май 17, 2010 09:52

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Муассисаи давлатии маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» Усмон Сабзов, маркази татбиқи лоиҳа мунтазам ба мутахассисон дастур           медиҳад, ки бештар ба он зерлоиҳаҳое аҳамият диҳанд, ки онҳо аз ҷониби сатҳи камбизоати аҳолии деҳот пешбарӣ карда шудаанд. Боис ба ёдоварист, ки лоиҳаи «Рушди деҳот» дар ҳолати татбиқи ибтидоӣ қарор дорад ва Бонки Осиёгии Рушд фаъолияти лоиҳаро хуб арзёбӣ намудааст. Дар давоми татбиқи лоиҳа, Агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсия фаъолияти Муассисаи давлатии маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот»- ро дар давоми як моҳ санҷида баромад.  Ба иттилои манбаъ, натиҷаи санҷиш нишон дод, ки маблағҳои лоиҳавӣ дар фаъолияти маркази татбиқи лоиҳа самаранок истифода шудаанд. Татбиқи лоиҳа мақсаднокии самтҳои онро ба нафъи аҳолии кишвар  амалӣ менамояд, ки он дар таҳкими сиёсати аграрии давлат саҳми арзанда хоҳад гузошт, — иброз дошт У. Сабзов ба мухбири АМИТ «Ховар».  

Май 17, 2010 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад