«ЗУЛФИ СУРХ» БА КОМИССИЯИ ДАВЛАТӢ ПЕШНИҲОД ШУД

Май 17, 2010 09:50

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби илмии Академияи илмҳои кишоварзӣ, профессор Давлатҷон Комилзода, Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткорӣ дар соҳаи ба вуҷуд овардани навъҳои беҳтарини  сабзавот, аз ҷумла сабзии навъи «Тиллоранг», пёзи анзури навъҳои «Дилкушо» ва «Суғдиён» ҳамчунин пиёзи «Ҳисорӣ» -ро ба Комиссияи давлатӣ пешниҳод намуд. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Маркази умумиҷаҳонии сабзавоткорӣ (Тайван), се навъи   қаламфури тез бо номҳои шартии «Серҳосил», «Ханҷар» ва «Зулфи сурх»   барои  санҷиш ба Комиссияи давлатии навъсанҷӣ пешниҳод гардид.  Айни замон Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткорӣ бо Маркази умумиҷаҳонии сабзавоткорӣ — (Тайван) дар соҳаи картошкапарварӣ корҳои илмиро давом медиҳад. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо маркази мазкур чор навъи картошка бо номхои шартии «Нилуфар», «Шукрона», «Овчӣ» ва «Каримӣ», ки чанд сол боз аз рӯи онҳо корҳои илмӣ бурда  мешавад, барои санҷиш ба Комиссияи давлатии навъсанҷӣ  пешниҳод гардиданд. Дар пажӯҳишгоҳи мазкур корҳои илмӣ — тадқиқотӣ аз рӯи навъҳои дигари сабзавот давом дорад.

Май 17, 2010 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад