1 МИЛЛИАРД АҲОЛИИ САЙЁРА АЗ ИСТИФОДАИ ОБИ ТОЗАИ ОШОМИДАНӢ МАҲРУМ АСТ

Июнь 8, 2010 11:50

Душанбе, 8 июн.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар сохтани таъминоти об ва ба даст овардани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии мамлакатро бо оби тоза дар давраи солҳои 2008 – 2020» қабул намудааст” ,изҳор дошт зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори конфронси байналмилалии сатҳи баланд  оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи  Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”,2005- 2015 . Сардори давлати Тоҷикистон,  афзуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои дар ин соҳа андешидашуда тӯли панҷ соли охир қариб 1,2 миллион нафар бо оби тоза таъмин карда шуд ва бештар аз 600 ҳазор нафари дигар аз имконияти истифодаи оби тозаи ошомидани баҳравар гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои вобаста ба захираҳои об дар давоми панҷ соли охир бештар аз 15 барномаи муқаррарӣ, барномаи стратегӣ ва нақшаи тадбирҳоро қабул намуд. Имрӯз дар доираи онҳо ба маблағи зиёда аз 500 миллион доллар даҳҳо барнома амалӣ карда мешаванд. Тибқи нишондодҳои оморӣ алҳол дар дунё 1 миллиард аҳолӣ аз дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ маҳрум мебошанд. Тибқи омори Созмони байналмилалии Тандурустӣ  80% бемориҳо аз истифодаи оби ифлос  зуҳур менамоянд.  

Июнь 8, 2010 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд