12 МИЛЛИОН $ БАРОИ РУШДИ ШАБАКАИ ОБРАСОНИИ ПОЙТАХТ

Июнь 21, 2010 13:34

Душанбе, 21 июн.(НИАТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бонки Ҷаҳонӣ бо назардошти татбиқи мақсадноки лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе,  омодааст, ки дар асоси Лоиҳа кам кардани талафоти оби истеҳсолшуда, насби ҳисобкунакҳои обӣ ва рушди потенсиали идоракунию иқтидори худкифоии молиявии КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» маблағҳои иловагии грантиро дар ҳаҷми 12 миллион $ ихтисос диҳад. Ин масъала зимни мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев бо  роҳбари гурӯҳи Лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Пер Франческо Мантованӣ дар Душанбе матраҳ шуд. Ҷонибҳо ҳамзамон, масъалаҳои ҷараёни татбиқи Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Бонки мазкур маблағгузорӣ шудааст,  мавриди баррасӣ қарор доданд. Мусоҳибон таҳияи Консепсияи ҷадиди фарогири рушди минбаъдаи системаи обтаъминкунии шаҳри Душанберо ҳамчун идомаи марҳилаи дуюми Лоиҳаи мавҷуда арзёбӣ карданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо баррасӣ аз пешниҳоди Пер Франческо Мантованӣ гуфт, ки идомаи ҳамкориҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ баҳри таъмини амнияти истеъмолӣ ва дастрасии аҳолии пойтахт бо оби нӯшокии хушсифат аз нақшаҳои характери дурнамодоштаи шаҳрдорӣ аст. Дар робита зикр шуд, ки Таҳияи Консепсияи мавриди таваҷҷӯҳ бо назардошти таҷдиди хатҳои корезӣ, муайянсозии сарчашмаи камхарҷи истеҳсолу интиқоли об ба аҳолӣ, яъне гузариш ба обҳои зеризаминӣ  ё худ манбаъҳои безарару равони табиӣ омода карда шавад. Дар ин сурат Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе омодааст созишномаҳои грантиву қарзиро ба маблағи 150-200 миллион  $ бо азхудкуниашон дар мӯҳлати 10 сол дар асоси рушди меъморӣ тибқи Нақшаи генералии шаҳр ба имзо расонад. Ҳамчун хамшарикӣ дар татбиқи Консепсияи мазкур насби ҳисобкунакҳои обиро барои 158 000 муштарии КВД «Обу корези шаҳри Душанбе», ки алҳол аз ин миқдор ҳамагӣ 7,5 ҳазор адад насб карда шудаанд,  бо дастрасозии қарзҳои буҷавӣ ба корхонаи коммуналии хизматрасон  таъмин созад. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар анҷом ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гурӯҳҳои кории тарафҳо дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин асосҳои техникии Консепсияро дар ҳамкорӣ таҳия ва ба баррасии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.  

Июнь 21, 2010 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад