ҲАФТАИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН МОХИ СЕНТЯБР БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Июнь 2, 2010 16:45

Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз, 2 июн Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон  хонум Дорис Хертрампф ва директори Институти ба номи Гёте Йоханнес Дал дар Тошкандро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, Йоханнес Дал оид ба лоиҳаҳои сиёсати фарҳангии Олмон дар хориҷ фаъолият мекунад ва аз 1 то 3 июн дар Душанбе бо сафари хидматӣ қарор дорад. Мақсад аз вохўрӣ бо Вазири фарҳанг ин кушодашавии Маркази забонҳои олмонӣ дар Душанбе буда, зимни сўҳбат ў қайд кард, ки ин марказ натанҳо барои омўзиши забонҳост, балки дар он чорабиниҳои фарҳангӣ низ гузаронида хоҳанд шуд. Мирзошоҳрух Асрорӣ низ аз кушодашавии ин марказ истиқбол намуда, изҳор дошт, ки фаъолияти ин гуна марказҳо барои рушди фарҳангу тамаддуни Тоҷикистону Олмон саҳми калон мегузорад. «Зеро мардуми ҳар ду кишвар ба фарҳанги ҳамдигар таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Чанде пеш, як гурўҳи донишҷуёни олмонӣ, ки дар Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода таҳсил мекунанд, бо донишҷўёни тоҷик чанд барномаи консертии муштарак доштанд»,-ёдовар шуд Вазири фарҳанг. Ҳангоми сўҳбат сафири Олмон Дорис Хертрампф низ аз ҳамкории Тоҷикистону Олмон ёдовар шуда, гуфт, ки барои китобхонаи миллии навбунёд сафорат омода аст, китобҳои таърихӣ, бадеӣ, дарсӣ ва ғайраро тўҳфа кунад. Дар вохўрӣ ҳамчунин, баргузории «Ҳафтаи Олмон дар Тоҷикистон» баррасӣ гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки он охирҳои  моҳи сентябр дар Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Июнь 2, 2010 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст