ҲАФТАИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН МОХИ СЕНТЯБР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз, 2 июн Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон хонум Дорис Хертрампф ва директори Институти ба номи Гёте Йоханнес Дал дар Тошкандро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, Йоханнес Дал оид ба лоиҳаҳои сиёсати фарҳангии Олмон дар хориҷ фаъолият мекунад ва аз 1 то 3 июн дар Душанбе бо сафари хидматӣ қарор дорад. Мақсад аз вохўрӣ бо Вазири фарҳанг ин кушодашавии Маркази забонҳои олмонӣ дар Душанбе буда, зимни сўҳбат ў қайд кард, ки ин марказ натанҳо барои омўзиши забонҳост, балки дар он чорабиниҳои фарҳангӣ низ гузаронида хоҳанд шуд. Мирзошоҳрух Асрорӣ низ аз кушодашавии ин марказ истиқбол намуда, изҳор дошт, ки фаъолияти ин гуна марказҳо барои рушди фарҳангу тамаддуни Тоҷикистону Олмон саҳми калон мегузорад. «Зеро мардуми ҳар ду кишвар ба фарҳанги ҳамдигар таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Чанде пеш, як гурўҳи донишҷуёни олмонӣ, ки дар Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода таҳсил мекунанд, бо донишҷўёни тоҷик чанд барномаи консертии муштарак доштанд»,-ёдовар шуд Вазири фарҳанг. Ҳангоми сўҳбат сафири Олмон Дорис Хертрампф низ аз ҳамкории Тоҷикистону Олмон ёдовар шуда, гуфт, ки барои китобхонаи миллии навбунёд сафорат омода аст, китобҳои таърихӣ, бадеӣ, дарсӣ ва ғайраро тўҳфа кунад. Дар вохўрӣ ҳамчунин, баргузории «Ҳафтаи Олмон дар Тоҷикистон» баррасӣ гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки он охирҳои моҳи сентябр дар Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






