ҲАМКОРИҲОИ ОЯНДАДОР
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар вохӯрие, ки вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо сафири Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумхурии Тоҷикистон хонума Туула Йрёла ва ҷонишини вазири кишоварзии ҷумҳурии мазкур ҷаноби Йоуни Линдом баргузор намуд оид ба мушкилот ва вазъияти давраи гузариши муносибатҳои иқтисоди бозорӣ сухан рафт. Қосим Қосимов иброз дошт, ки ба мушкилоти давраи гузариш нигоҳ накарда, дар заминаи қонунгузории гузариш ба иқтисоди бозорӣ якқатор тағйирот ба вуҷуд оварда шудааст. Дар соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ солҳои охир муваффақиятҳои зиёд ба даст оварда шудааст. Дар таърихи ҳазорсолаи мамлакат бори аввал кишоварзон ҳосили рекордӣ ба даст оварданд. Мушкилоти қарзи пахтакорон ҳал гардид, якчанд барномаҳои мақсаднок амалӣ гардонида мешаванд. Сафири Финляндия дар ин вохӯрӣ аз ҳамкориҳои ояндадори кишвари худ дар соҳаи чорводорӣ бо роҳи интиқоли маводҳои генетикӣ, тухмиҳои баландсифати зироатҳои лӯбиёгӣ ва дар соҳаи моҳипарварӣ, ки кишвараш таҷрибаи зиёд дорад, ҳамккорӣ хоҳанд кард.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






