ҲАМКОРИҲОИ ОЯНДАДОР

Июнь 14, 2010 09:14

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар вохӯрие, ки   вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо сафири Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумхурии Тоҷикистон  хонума Туула Йрёла ва ҷонишини вазири кишоварзии ҷумҳурии мазкур  ҷаноби Йоуни Линдом баргузор намуд оид ба мушкилот ва вазъияти давраи гузариши муносибатҳои иқтисоди бозорӣ сухан рафт. Қосим Қосимов иброз дошт, ки ба мушкилоти  давраи гузариш  нигоҳ накарда, дар заминаи қонунгузории  гузариш ба иқтисоди бозорӣ  якқатор тағйирот  ба вуҷуд оварда шудааст. Дар соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ солҳои охир  муваффақиятҳои зиёд  ба даст оварда шудааст. Дар таърихи ҳазорсолаи мамлакат бори аввал кишоварзон ҳосили рекордӣ ба даст оварданд. Мушкилоти қарзи пахтакорон ҳал гардид, якчанд барномаҳои мақсаднок амалӣ гардонида мешаванд. Сафири Финляндия дар ин вохӯрӣ аз ҳамкориҳои ояндадори кишвари худ дар соҳаи чорводорӣ бо роҳи интиқоли маводҳои генетикӣ, тухмиҳои баландсифати зироатҳои лӯбиёгӣ ва дар соҳаи моҳипарварӣ, ки кишвараш таҷрибаи зиёд   дорад, ҳамккорӣ хоҳанд кард.

Июнь 14, 2010 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид