Ҳ.КАРЗАЙ ТОЛИБОНРО БА МУСОЛИҲА ДАЪВАТ МЕКУНАД
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар»). — 2 июн дар пойтахти Давлати исломии Афғонистон — шаҳри Кобул ҷиргаи сулҳ кушода шуд. Дар он пешвоён ва сардорони қабилаҳо, вакилони парлумон ва намояндагони мӯътабари вилоятҳои мамлакат иштирок доранд. Дар маросими ифтитоҳи ҷирга Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай нутқ эрод намуд. Вай зикр намуд, ки ҳадафи асосии гузаронидани машварат истиқрори сулҳу осоиш дар мамлакат ва аз вартаи ҷанг наҷот додани он мебошад. Ҳ.Карзай диққати иштирокчиёни ҷамъомадро ба баъзе ҷиҳатҳои муҳими иқдомоти давлат барои мӯътадил сохтани вазъияти мамлакат, ҷорӣ намудани ҳаёти осоишта ва барқарор намудани иқтисодиёти мамлакат ҷалб намуд. Қайд карда шуд, ки яке аз роҳҳои мӯътадил гардонидани вазъияти мамлакат мусолиҳа бо ҷунбиши «Толибон» мебошад. Ҳ.Карзай силоҳбадастонро даъват намуд, ки аз амалиёти террористӣ даст кашида, аслиҳаи худро ба замин гузоранд, бо ҳукумат созиш кунанд ва ба меҳнати осоишта машғул гарданд. Вай дар бораи тадбирҳое сухан ронд, ки шакку шубҳаи сокинони мамлакатро аз имконияти ҳамкорӣ бо мухолифини мусаллаҳ аз байн хоҳанд бурд. Президент таъкид кард, ки мусолиҳа бо «Толибон» маънои бахшидани гуноҳи ҳамаи мухолифинро надорад. Силоҳбадастоне, ки ба муқобили ҳамватанонашон дидаю дониста амали террористӣ содир кардаанд, бояд ҳатман ҷазо дода шаванд. Ҳ. Карзай воқеаи чанд рӯз пеш рухдодаро мисол овард, ки силоҳбадастон як нафар муаллимро дар вақти намозхонӣ дар масҷид ба қатл расониданд. Чунин амалиёт нафратовар аст ва бояд содиркунандагони он ҷазо дода шаванд, гуфт Президент. Ҳамид Карзай дар баробари ин талаби силоҳбадастонро дар бораи фавран хориҷ сохтани хизматчиёни ҳарбии хориҷӣ аз қаламрави мамлакат иҷронопазир номид. Вай таъкид намуд, ки мустақилияти Афғонистон ба иродаи тамоми сокинони мамлакат вобаста аст. Вай «Толибон» — ро гунаҳкор сохт, ки на танҳо дар ҷиргаи сулҳ иштирок накарданд, балки онро барбод додани буданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






