Ҳ.КАРЗАЙ ТОЛИБОНРО БА МУСОЛИҲА ДАЪВАТ МЕКУНАД

Июнь 3, 2010 14:58

Душанбе,  3 июн. (АМИТ «Ховар»). —  2  июн дар  пойтахти  Давлати  исломии  Афғонистон —  шаҳри  Кобул  ҷиргаи  сулҳ  кушода  шуд. Дар  он  пешвоён  ва  сардорони  қабилаҳо,  вакилони  парлумон  ва  намояндагони  мӯътабари  вилоятҳои  мамлакат  иштирок  доранд. Дар  маросими  ифтитоҳи  ҷирга  Президенти  Афғонистон  Ҳамид  Карзай  нутқ  эрод  намуд. Вай  зикр  намуд, ки  ҳадафи  асосии  гузаронидани  машварат  истиқрори   сулҳу осоиш  дар  мамлакат  ва  аз  вартаи  ҷанг  наҷот  додани  он мебошад. Ҳ.Карзай  диққати  иштирокчиёни  ҷамъомадро  ба баъзе  ҷиҳатҳои  муҳими   иқдомоти  давлат  барои  мӯътадил  сохтани  вазъияти  мамлакат,  ҷорӣ  намудани  ҳаёти  осоишта  ва барқарор  намудани  иқтисодиёти  мамлакат   ҷалб  намуд. Қайд  карда шуд, ки  яке  аз  роҳҳои  мӯътадил  гардонидани  вазъияти  мамлакат  мусолиҳа  бо  ҷунбиши  «Толибон»  мебошад. Ҳ.Карзай   силоҳбадастонро  даъват  намуд, ки  аз   амалиёти террористӣ  даст  кашида,  аслиҳаи худро  ба  замин  гузоранд, бо  ҳукумат  созиш  кунанд ва  ба  меҳнати  осоишта   машғул  гарданд.  Вай  дар  бораи тадбирҳое  сухан  ронд, ки  шакку  шубҳаи   сокинони   мамлакатро  аз  имконияти  ҳамкорӣ  бо  мухолифини  мусаллаҳ  аз байн  хоҳанд  бурд. Президент таъкид кард, ки мусолиҳа  бо  «Толибон»  маънои  бахшидани  гуноҳи   ҳамаи   мухолифинро  надорад. Силоҳбадастоне, ки  ба  муқобили  ҳамватанонашон  дидаю  дониста  амали  террористӣ  содир  кардаанд,  бояд  ҳатман  ҷазо дода шаванд. Ҳ. Карзай   воқеаи  чанд рӯз  пеш  рухдодаро  мисол  овард, ки  силоҳбадастон  як  нафар   муаллимро  дар  вақти  намозхонӣ  дар  масҷид  ба  қатл  расониданд. Чунин  амалиёт  нафратовар  аст  ва  бояд   содиркунандагони он   ҷазо  дода шаванд,  гуфт  Президент. Ҳамид  Карзай  дар  баробари  ин  талаби  силоҳбадастонро  дар  бораи  фавран   хориҷ  сохтани   хизматчиёни  ҳарбии  хориҷӣ  аз  қаламрави  мамлакат иҷронопазир  номид. Вай  таъкид  намуд, ки   мустақилияти  Афғонистон  ба  иродаи  тамоми  сокинони  мамлакат  вобаста аст.  Вай «Толибон» — ро  гунаҳкор  сохт, ки  на танҳо  дар  ҷиргаи  сулҳ иштирок накарданд,  балки  онро  барбод  додани  буданд.   

Июнь 3, 2010 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад