ҶАВОНОНРО МУТТАҲИД МЕКУНАНД

Июнь 10, 2010 16:44

Кӯлоб, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-  Дар ноҳияи Фархор вохӯрии аъзоёни маҳфилҳои ихтиёриёни ҷавони ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷавонони ноҳияи Фархор дар мавзӯи «Тарғиби тарзи ҳайёти солим дар байни ҷавонон» баргузор гардид. Дар рафти чорабинии мазкур иштирокчиён оид ба кору фаъолияти ихтиёриёни ҷавони ноҳияҳои худ дар пешбурди тарзи ҳайёти солим маълумот доданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки имрӯзҳо кори гурӯҳҳои ихтиёрӣ хеле хуб сурат гирифта, барои дар оянда боз ҳам васеъ намудани доираҳои фаъолияти онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар вохӯрӣ паҳлӯҳои гуногуни  кори гурӯҳҳои ихтиёрӣ матраҳ гардида,       ҷавонон  ба якдигар аз таҷрибаҳои кории  худ мисолҳо оварданд.   Доир ба фаъолияти кории гурӯҳҳои ихтиёрии ноҳияи Фархор бошад, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия сухан ронда, зикр кард, ки  кормандони бахши мазкур дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчунин дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиро дуруст ба роҳ монда, бо ҷавонон мунтазам мулоқотҳо мегузаронанд.

Июнь 10, 2010 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад