14 КГ МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА КАРДА ШУД

Июнь 21, 2010 12:04

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 5 кг маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони бахши мубориза бар зидди  муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Салимов Изатулло, соли таваллудаш 1959, истиқоматкунандаи шаҳри номбурда дастгир карда шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 5 кг маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Айни замон нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Инчунин аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Авесто, деҳаи Курҷалоли ноҳияи Муминобод, капитани қисми низомии 2720-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов Шодӣ, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи ноҳияи номбурда бо як халтаи полиэтиленӣ, дастгир карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии халта аз дохилаш 10 халтача бо маводи нашъдори «Героин», ки вазнаш 9 кг 300 граммро ташкил медод, дарёфт  ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.              

Июнь 21, 2010 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд