14 КГ МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА КАРДА ШУД
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 5 кг маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Салимов Изатулло, соли таваллудаш 1959, истиқоматкунандаи шаҳри номбурда дастгир карда шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 5 кг маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Айни замон нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Инчунин аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Авесто, деҳаи Курҷалоли ноҳияи Муминобод, капитани қисми низомии 2720-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов Шодӣ, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи ноҳияи номбурда бо як халтаи полиэтиленӣ, дастгир карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии халта аз дохилаш 10 халтача бо маводи нашъдори «Героин», ки вазнаш 9 кг 300 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






