89 ФОИЗИ КИШТИ ЗИРОАТҲОИ ТЕХНИКӢ АНҶОМ ЁФТ

Июнь 9, 2010 09:42

Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ тибқи дурнамо, дар майдони 207 ҳазору 930 гектар кишти зироатҳои техникӣ гузаронида мешававд, ки аз ин 180 ҳазор гектарашро кишти чигит ташкил медиҳад. То 7 –уми июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 186 ҳазор гектар кишти зироатҳои техникӣ гузаронида шудааст. Дар вилояти Суғд кишти зироатҳои техникӣ 64 ҳазору 506 гектар пешбинӣ шудааст. То 7 –уми июн  дар ин вилоят дар масоҳати 62 ҳазору 113 гектар, ки баробари 96,3 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад, кишти зироатҳои техникӣ анҷом дода шудааст. Дар вилояти Хатлон бошад кишти зироатҳои техникӣ ба 110 ҳазору 488 га ( аз 130 ҳазору 325 га)– и дар нақша пешбанишуда ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҷои 13 ҳазору  28 га 13 ҳазору 604 га зироатҳои техникӣ кишт карда шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд аст.

Июнь 9, 2010 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад