АМАЛӢ ШУДАНИ 8 ЛОИҲА ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, айни замон бо дастгирии институтҳои байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 лоиҳа бо маблағи умумии 150 млн. доллар амалӣ гардонида мешавад. Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 12 барнома оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ маблағгузорӣ мегардад. Бо мақсади амалӣ гардидани барномаҳо, Вазорати кишоварзӣ як қатор қонунҳоро дар бораи беҳтар кардани шароити меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ кор карда баромада ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Аз соли гузашта сар карда, вазорат барномаи муштараки ислоҳоти кишоварзиро барои 5- 10 соли наздик кор карда баромада, барои дида баромадан ба Ҳукумати ҷумхурӣ пешниҳод кардааст. Ҳамчунин ин барномаи муштараки ислоҳоти кишоварзӣ барои омӯзиш ба донорҳои байналмиллалӣ низ пешниҳод гардидааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






