АМАЛӢ ШУДАНИ 8 ЛОИҲА ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Июнь 22, 2010 08:46

Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино ба гуфти вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, айни замон бо дастгирии институтҳои байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 лоиҳа бо маблағи умумии 150 млн. доллар амалӣ гардонида мешавад. Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 12 барнома оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ маблағгузорӣ мегардад. Бо мақсади амалӣ гардидани барномаҳо, Вазорати кишоварзӣ як қатор қонунҳоро дар бораи беҳтар кардани шароити меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ кор карда баромада ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Аз соли гузашта  сар  карда, вазорат  барномаи муштараки  ислоҳоти кишоварзиро барои 5- 10 соли наздик кор карда баромада, барои   дида баромадан   ба Ҳукумати ҷумхурӣ пешниҳод кардааст. Ҳамчунин ин барномаи муштараки ислоҳоти кишоварзӣ барои омӯзиш ба донорҳои байналмиллалӣ низ пешниҳод гардидааст.

Июнь 22, 2010 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!