АНДОЗДИҲАНДАГОН АЗ НАВ БА ҚАЙД ГИРИФТА МЕШАВАНД

Июнь 16, 2010 16:50

 Душанбе,  16 июн. (АМИТ «Ховар»,  Дилшода  Ҷонмардова). —  Аз  21  то 23  июни  соли  равон  дар  ҳамаи  минтақаҳои  мамлакат  бахшида ба   тартиби  дубора  ба  қайд  гирифтани  онҳое, ки   андоз ба   арзиши  иловашуда месупоранд,  семинарҳо  ва  машваратҳо  гузаронида  мешаванд. Дар  робита   Кумитаи  андози  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурӣ  ба  маълумоти  ҳамаи   андозсупорандагон  мерасонад, ки   вобаста ба   ворид  намудани  тағйироту  иловаҳо ба  Кодекси  андози  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба дастурамали  тартиби  ҳисоб  кардан  ва  пардохтани  андоз ба  арзиши  иловашуда,  низ  тағйироту  иловаҳо  дохил  карда шуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  ме диҳад, ки   аз  1  июл то  1  сентябри  соли равон  супорандагони  андоз ба  арзиши  иловашуда,  дар  саросари  мамлакат  аз  нав  ба  қайд  гирифта  мешаванд. Бинобар  ин   ҳамаи  онҳо  бояд  дар  семинарҳо ва  машваратҳо  ширкат  варзида,   дар  мӯҳлати  муқарраршуда  аз  қайд  гузаранд.  Тағйироту  иловаҳои   ба   дастурамали  тартиби  ҳисоб  кардан ва  пардохтани  андоз ба  арзиши  иловашуда, дар  сайти  интернетии  Кумитаи  андози  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурӣ  ҷой  дода шудааст. Хоҳишмандон  маълумоти  муфассалро  аз  сайти  мазкур  ба  даст  оварда  метавонанд, ки  andoz.tj  ном  дорад. 

Июнь 16, 2010 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд