АНДОЗДИҲАНДАГОН АЗ НАВ БА ҚАЙД ГИРИФТА МЕШАВАНД
Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). — Аз 21 то 23 июни соли равон дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат бахшида ба тартиби дубора ба қайд гирифтани онҳое, ки андоз ба арзиши иловашуда месупоранд, семинарҳо ва машваратҳо гузаронида мешаванд. Дар робита Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба маълумоти ҳамаи андозсупорандагон мерасонад, ки вобаста ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастурамали тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андоз ба арзиши иловашуда, низ тағйироту иловаҳо дохил карда шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар ме диҳад, ки аз 1 июл то 1 сентябри соли равон супорандагони андоз ба арзиши иловашуда, дар саросари мамлакат аз нав ба қайд гирифта мешаванд. Бинобар ин ҳамаи онҳо бояд дар семинарҳо ва машваратҳо ширкат варзида, дар мӯҳлати муқарраршуда аз қайд гузаранд. Тағйироту иловаҳои ба дастурамали тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андоз ба арзиши иловашуда, дар сайти интернетии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҷой дода шудааст. Хоҳишмандон маълумоти муфассалро аз сайти мазкур ба даст оварда метавонанд, ки andoz.tj ном дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






