АЗ БЕЭҲТИЁТӢ ҒАРҚ ШУДАНД

Июнь 21, 2010 12:03

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 20 июни соли равон шаҳрванд Шамсиддинов Сорбони 22-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати Шаталови ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми оббози кардан дар ҳавзи воқеъ дар ҳудуди ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ  шуда ба ҳалокат расидааст. Чунин ҳодиса 19 июни соли равон шаҳрванд Баҳриддини Баротзодаи 19 – сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Озодии ноҳияи Ёвон, ҳангоми оббозӣ кардан дар кӯли назди деҳаашон, аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин ноболиғ Раҳмонова Меҳронаи 5-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Даркади ноҳияи Фархор ҳангоми оббози кардан дар канали назди хонаашон, аз беназоратии волидайн ва беэҳтиётии худ ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.

Июнь 21, 2010 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд