БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 7 июня.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 7 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Амиршо Миралиев ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат баргузор шуд. Дар он лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тибби оилавӣ» «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ», «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, аъзои Шӯро лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ карданд. Зимни шарҳи масъалаҳои зикршуда, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон иброз доштанд, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур бо мақсади такмили қонунгузории кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид ва дастрасии тамоми қишри ҷомеа ба гирифтани табобат дар шароити манзил, дуруст ба роҳ мондани нишондиҳандаҳои оморӣ дар кишвар таҳия шудааст.