БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни «Рӯзи ваҳдати миллӣ» дар ВМКБ рӯзи 23 – юми июн аз ноҳияи Ванҷ огоз ёфт,- гуфт телефонӣ раиси дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зиёратшо Пиров ба мухбири АМИТ «Ховар». Сарвари давлат аввал ба шаҳраки навбунёди ин ноҳия, ки баъди заминларзаи моҳи январи соли ҷорӣ дар мавзеи Сурхсангов сохта мешавад, оғоз ёфт. Дар ин рӯз калиди 30 хонаи истиқоматӣ ба соҳибонашон супорида шуд. Бо супориши Сарвари давлат ин шаҳрак, ки дар арафаи ҷашни 13- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ хишти ободиро барои ҳамаи сокинонаш гузошта 190 оиларо дар худ ҷой додаст, «Ваҳдат» номгузорӣ карда шуд. Дирӯз ҳамчунин Роҳбари давлат дигар иншооти ҷашнии ноҳияро қабул ва барои истифодабарӣ ҳидоят намуд. Дар маркази ноҳия барои 14 ҳазор аҳолии он дармонгоҳи бо тамоми техникаи муосири тиббӣ муҷаҳҳаз низ мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт. Сафари кории Президенти кишвар то Рӯзи ҷашни ваҳдат дар ин вилояти баландкӯҳи ҷумҳурӣ идома дорад,-афзуд З.Пиров.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






