БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ТОЛОРИ «ВАСТАН»

Июнь 22, 2010 08:47

Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Кумитаи ҷавонон , варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов, 23- юми июни соли ҷорӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Дарвоз толори варзишии «Вастан», ки дар асоси як лоиҳаи ҷадиди туркӣ сохта шудааст, ба истифода дода мешавад. Ба ин муносибат, бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Дарвоз, Кумитаи миллии Олимпӣ    дар давоми се рӯз 23- 25-уми июни соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Дарвоз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ДЗЮ- ДО миёни наврасон доир мегардад. Ба  гуфти Маликшо Неъматов,     бори нахуст дар сатҳи ҷумҳурӣ чунин мусобиқа дар  ноҳияи Дарвоз  барои дарёфти «Ҷоми ваҳдати миллӣ» миёни ҷавонон доир мегардад. Дар назар аст, ки чунин мусобиқаҳо бо навбат дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ доир карда шаванд.

Июнь 22, 2010 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад