БА ЛИТСЕИ КӮДАКОНИ МАЪЮБ КИНОТЕАТРИ ХОНАГӢ ТӮҲФА КАРДА ШУД

Июнь 1, 2010 09:20

Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо муносибати иди байналмилали  «Ҳифзи кӯдакон» клуби Ротарии шаҳри Душанбе ба литсейи ҷумҳурияви барои кӯдакони маъюб, кинотеатри хонагӣ туҳфа намуд, то ки хонандагони мактаби мазкур  баъд аз дарсҳо тавонанд филмҳоро тамошо кунанд ва аз навигариҳои олам огоҳ шаванд. Тӯли се соли охир ин клуб бо мактаби мазкур ҳамкории зич ва давомёбанда дорад. То имрӯз клуби «Ротари» ба хонандагони эҳтиёҷманди мактаби мазкур ёздаҳ адад коляскаҳои маъюбӣ ҳадя намуда, барои синфхонаҳои  машғулияти амалӣ, се мошинаи дузандагӣ ва се мошинаи кафшдӯзӣ хонандагон харидорӣ намудааст. Ҳамчунон, Клуб барои китобхонаи ин мактаб китобҳо низ тӯҳфа кард.  Бояд қайд кард, ки Ротари Интернейшнл (Rotary International) ин якумин клуб дар ҷаҳон буда, ба ҷомеа хизмат менамояд ва зиёда аз 1,2 миллион аъзо дар 33.000 клубҳо муттаҳид гардидаанд. Клуби Ротари ғайрисиёсӣ ва ғайридинӣ буда, ҳар кас нобоваста аз мансубият ба маданияти гуногун, ирқ ва мазҳаб  метавонад аъзои ин клуб шавад. Аъзоёни клуб ин волонтерҳое (кормандони ихтиёрӣ, ки барои таҷрибаомӯзӣ бемузди меҳнат кор мекунад), ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолият намуда, барои барҳам задани гуруснагӣ, беҳтар намудани саломатӣ ва вазъи санитарӣ кушиш менамоянд ва одамонро барои дар сулҳу ваҳдат зиндагӣ кардан тарғиб мекунанд ва бо шиори «Хизмат волотар аз худ» ҳаракати нест кардани касалии фалаҷ (полиомиелит)-ро мақсад гузоштаанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби клуби Ротари Фарангиз Ризоева хабар дод, клуби  Ротари  дар шаҳри Душанбе 5 апрели соли 2005 ташкил шуда, ба округи 2430 мансуб аст, ки ба он Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия низ шомиланд. Клуби Ротари дар ш. Душанбе лоиҳаҳои гуногуни гуманитариро, ки барои кӯмак ба кӯдакон ва аҳолии пиронсоли мамлакат нигаронида шудааст, амалӣ менамоянд. Клуби мазкур бо Ротари Интернейшнал ва дигар клубҳои ҷаҳонӣ ҳамкории доимӣ дорад. Дар ш. Душанбе клуби Ротари ҳар рӯзи панҷшанбе дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» соати 18:00 вохӯрӣ мегузаронад.  

Июнь 1, 2010 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд