БА ЛИТСЕИ КӮДАКОНИ МАЪЮБ КИНОТЕАТРИ ХОНАГӢ ТӮҲФА КАРДА ШУД
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо муносибати иди байналмилали «Ҳифзи кӯдакон» клуби Ротарии шаҳри Душанбе ба литсейи ҷумҳурияви барои кӯдакони маъюб, кинотеатри хонагӣ туҳфа намуд, то ки хонандагони мактаби мазкур баъд аз дарсҳо тавонанд филмҳоро тамошо кунанд ва аз навигариҳои олам огоҳ шаванд. Тӯли се соли охир ин клуб бо мактаби мазкур ҳамкории зич ва давомёбанда дорад. То имрӯз клуби «Ротари» ба хонандагони эҳтиёҷманди мактаби мазкур ёздаҳ адад коляскаҳои маъюбӣ ҳадя намуда, барои синфхонаҳои машғулияти амалӣ, се мошинаи дузандагӣ ва се мошинаи кафшдӯзӣ хонандагон харидорӣ намудааст. Ҳамчунон, Клуб барои китобхонаи ин мактаб китобҳо низ тӯҳфа кард. Бояд қайд кард, ки Ротари Интернейшнл (Rotary International) ин якумин клуб дар ҷаҳон буда, ба ҷомеа хизмат менамояд ва зиёда аз 1,2 миллион аъзо дар 33.000 клубҳо муттаҳид гардидаанд. Клуби Ротари ғайрисиёсӣ ва ғайридинӣ буда, ҳар кас нобоваста аз мансубият ба маданияти гуногун, ирқ ва мазҳаб метавонад аъзои ин клуб шавад. Аъзоёни клуб ин волонтерҳое (кормандони ихтиёрӣ, ки барои таҷрибаомӯзӣ бемузди меҳнат кор мекунад), ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолият намуда, барои барҳам задани гуруснагӣ, беҳтар намудани саломатӣ ва вазъи санитарӣ кушиш менамоянд ва одамонро барои дар сулҳу ваҳдат зиндагӣ кардан тарғиб мекунанд ва бо шиори «Хизмат волотар аз худ» ҳаракати нест кардани касалии фалаҷ (полиомиелит)-ро мақсад гузоштаанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби клуби Ротари Фарангиз Ризоева хабар дод, клуби Ротари дар шаҳри Душанбе 5 апрели соли 2005 ташкил шуда, ба округи 2430 мансуб аст, ки ба он Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия низ шомиланд. Клуби Ротари дар ш. Душанбе лоиҳаҳои гуногуни гуманитариро, ки барои кӯмак ба кӯдакон ва аҳолии пиронсоли мамлакат нигаронида шудааст, амалӣ менамоянд. Клуби мазкур бо Ротари Интернейшнал ва дигар клубҳои ҷаҳонӣ ҳамкории доимӣ дорад. Дар ш. Душанбе клуби Ротари ҳар рӯзи панҷшанбе дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» соати 18:00 вохӯрӣ мегузаронад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






