БАРОИ ҲИМОЯИ БУЧЕТ 90 МЛН. ДОЛЛАР
Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Иттиҳоди иқтисодии Аврупо баҳри бартарафсозии оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ нисбат ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ кӯмаки молиявӣ менамояд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик Иттиҳоди иқтисодии Аврупо аз ҳисоби фонди зиддибӯҳронӣ барои дастгирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 млн. доллар ҷудо менамояд. Бино ба гуфти намояндаи матбуотии Котиби генералии Иттиҳоди иқтисодии Аврупо, ин ташкилоти бонуфузи байналмиллалӣ давом додани сохтмони иншооти гидроэнергетикиро дар баробари Сангтӯда ва Роғун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисоди ин кишвар хеле зарурӣ ва манфиатнок мешуморад. Иттиҳоди иқтисодии Аврупо сохтмони ҳамагуна иншооти гидроэнергетикиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати кишварҳои поёноб донистааст, зеро сарбандҳои азими иншоотӣ барои рушди кишоварзӣ ва таъмини кишварҳои поёноб бо оби тозаи ошомиданӣ даҳҳо асрҳои дигар метавонанд хизмат кунанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






