БАРОИ ҲИМОЯИ БУЧЕТ 90 МЛН. ДОЛЛАР

Июнь 16, 2010 09:44

Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Иттиҳоди иқтисодии Аврупо баҳри бартарафсозии оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ нисбат ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ кӯмаки молиявӣ менамояд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик Иттиҳоди иқтисодии Аврупо аз ҳисоби фонди зиддибӯҳронӣ барои дастгирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 млн. доллар ҷудо менамояд. Бино ба гуфти намояндаи матбуотии Котиби генералии Иттиҳоди иқтисодии Аврупо, ин ташкилоти бонуфузи байналмиллалӣ давом додани сохтмони иншооти гидроэнергетикиро дар баробари Сангтӯда ва Роғун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  рушди иқтисоди    ин кишвар хеле зарурӣ ва манфиатнок мешуморад. Иттиҳоди иқтисодии Аврупо сохтмони ҳамагуна иншооти гидроэнергетикиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати кишварҳои поёноб донистааст, зеро сарбандҳои азими   иншоотӣ барои рушди кишоварзӣ ва таъмини кишварҳои поёноб бо оби тозаи ошомиданӣ даҳҳо асрҳои дигар метавонанд хизмат кунанд.   

Июнь 16, 2010 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад